ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 5 ноябри соли 2025 бахшида ба рӯзи Конститутсия дар қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон чорабинӣ бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон, раиси суди ноҳияи Шуғнон ва дигар сардорони корхонаву мақомотҳо баргузор гардид.

Чорабини бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, ифтитоҳӣ он бо суханрониҳои расмии роҳбарияти ноҳия, дар бораи нақш ва аҳамияти Конститутсия дар рушди давлати ҳуқуқбунёд, аҳамияти риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Гуфта шуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мо таҳаввулоти бузурге ба амал омада, бо иқдомҳои бунёдкорию созандагиашон Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфта истодааст. Имрўз аз ҷониби тамоми кишварҳо ва институтҳои байналмилалӣ Конститусияи Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтарин, дар байни 120 давлати дунё эътироф гардидааст. Воқеан ҳам имрўз мардуми бофарҳанги мо дар ҷомеаи озоди демократӣ зиндагӣ мекунад.

Таҷлили «Рӯзи Конститутсия» бо барномаи ҷолиби фарҳангии айҳати эҷодии кормандони фарҳанги ноҳия ҷамъбаст гардид.

Суди ноҳияи Шуғнон 


