ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУДИ НОҲИЯИ ШУҒНОН ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 2026, №13966 (26.6) дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 «Дар бораи Рӯзи ҷавонон», якдилона маъракаи умумимиллии дави солимӣ ва оммавигардонии варзиш баргузор карда мешавад.

Субҳи 17 майи соли равон чунин чорабинии оммавӣ-варзишӣ дар ноҳияи Шуғнон низ бо иштироки фаъолонаи сокинони ноҳия баргузор гардид. Иштирокдорони чорабинӣ аз ҷумла ҷавонон, варзишгарон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони касбу кори гуногун бо рӯҳияи баланд гирди ҳам омаданд.

Дави миллӣ дар ноҳияи Шуғнон аз маркази ноҳия оғоз гардида, то мавзеъҳои муайяншуда идома ёфт. Марафони велосипедронӣ низ бо иштироки дӯстдорони ин намуди варзиш дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Баргузории чунин чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ нишонаи сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ ва таваҷҷуҳи хос ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар арзёбӣ мегардад.